ПАНҶАКЕНТ — ШАҲРИ САЙЁҲӢ

Дар даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба рушди сайёҳӣ чун соҳаи шуғлофар ва фоидаовар пайваста меафзояд.

Кишвари мо бо ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои нотакрори табиӣ, кӯҳҳои осмонбӯс, инфрасохтори рушдёбандаи сайёҳӣ мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳон қарор гирифтааст.

Аз ҷумла, шаҳри Панҷакент имсол то таҷлили Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола рӯзи 27 сентябр таҷлил карда мешавад, беш аз 36 ҳазор нафар сайёҳонро пазироӣ намудааст, ки нисбат ба соли гузашта ба маротиб зиёд аст.

default

Ба сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ 26 ширкати сайёҳӣ дар 54 хатсайр, 12 меҳмонхона, 2 пойгоҳи сайёҳии кӯҳӣ- дар Ҳафткӯл ва Кӯли калон, 22 хонаи қабули меҳмонон, 4 осорхона, 4 маркази иттилоотии сайёҳӣ хидмат мерасонанд.

Ёдгориҳои беназири таърихӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудаанд- бостоншаҳри Саразм, шаҳр- қалъаи Санҷаршоҳ, низоми обёрии Фарметан, мақбараи Муҳаммад Башоро, ёдгории Тали Хамтӯда, Панҷакенти қадим мавриди таваҷҷӯҳи пайвастаи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор грифтаанд.

Сафи зоирини оромгоҳи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Панҷруд низ сол то сол меафзояд.

Дар ҷамъомаде, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоеви шаҳр баргузор шуд, дар ин бора ва имкониятҳои рушди минбаъдаи соҳа сухан рафт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *